Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, артиши режими саҳюнистӣ иқрор кард, ки дар тӯли шабонарӯзи гузашта беш аз 170 ҳамла алайҳи аҳдофи мухталиф дар Навори Ғазза анҷом додааст.
Манбаъҳои расонаӣ гузориш медиҳанд, ки тамоми ин ҳамлаҳо алайҳи аҳдофи ғайринизомӣ дар Ғазза сурат гирифта ва мардум ва афроди мунтазир дар сафҳои дарёфти кумакҳоро ҳадаф қарор медиҳад. Дар ҳамин робита, саҳюнистҳо шаби гузашта хонаеро бомбаборон карданд, ки мутааллиқ ба хонаводаи Абу Даҳруҷ буд ва гурезагони фаластиниро дар шимоли Ал-Завоида дар маркази Навори Ғазза паноҳ дода буд. Дар ин ҳамла 11 нафар ба шаҳодат расида ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
Ҳамчунин имрӯз низ 3 нафар аз фаластиниёни мунтазир барои дарёфти кумакҳои инсонӣ дар натиҷаи ҳамлаҳои саҳюнистҳо ба шаҳодат расидаанд.
Аз сӯи дигар, дар бомбаборони хонае мутааллиқ ба хонаводаи Водӣ дар наздикии беморхонаи Урдунӣ дар ғарби Хон Юнус 3 нафари дигар ба шаҳодат расида ва чандин нафар захмӣ шуданд.
Дар ҳамлаи мушакии чархболҳои режими саҳюнистӣ ба хонае дар урдугоҳи рақами 2 Ал-Нусайрот дар маркази Навори Ғазза чандин фаластинӣ захмӣ шуданд.
Саҳюнистҳо ҳамчунин як манзили фаластинӣ дар хиёбони Ёфо дар маҳаллаи Ал-Туффоҳ воқеъ дар шаҳри Ғаззаро низ ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор доданд.
Your Comment